Март 25, 2018 16:37 Asia/Dushanbe
  • Қадимитарин меҳмонхонаи Эрон барои Наврӯз омода шуд

Қадимитарин меҳмонхона (ҳотел)-и Эрон пас аз бозсозӣ ва сомондеҳӣ барои пазириши мусофирон ва гардишгарони наврӯзӣ омода шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, раиси Идораи мероси фарҳангии Машҳад дар ин бора гуфт, тарҳи бозсозӣ ва сомондеҳии намои вурудӣ ва иваз кардани дару панҷараҳои меҳмонхона дар соли гузаштаи хуршедӣ (1396) иҷро шуд.

Аҳмади Динорӣ бо баёни ин ки ба намо ва манзари ин асари таърихӣ осебҳое ворид шуда буд, афзуд, ҳазинаи бозсозӣ  ҳам аз ҳисоби сармояи тарҳи “Ҳимоят аз моликон ва баҳра‎бардорони осори таърихӣ ва фарҳангӣ” таъмин шудааст.

Вай дар бораи ин асари таърихӣ ҳам гуфт, меҳмонхонаи таърихии “Порс”-и Машҳад қадимитарин меҳмонхонаи Эрон аст, ки дар соли 1316 –и хуршедӣ бар асоси улгӯи меъмории русӣ сохта шуда ва дар соли 1384-и хуршедӣ дар феҳристи “Осори миллӣ” ба сабт расидааст.

Ин масъули Мероси фарҳангӣ афзуд, ин меҳмонхона ва зебу зиннатҳои бакоррафта дар намои паҳлӯҳои ҷонибии он аз қабили оҷуркорӣ (хиштчинӣ) ва нақши барҷастаҳои иҷрошуда бо хамири оҷури пухта аст.

Вай гуфт, ҳамчунин зиннатҳои  нақши барҷастаи сафолӣ бо наққошиҳои гиёҳӣ ва ҷонварӣ бар болои ҳар як аз панҷараҳо ва пӯшиши сақф гаҳвораӣ ва чаҳорпӯш аст.

Динорӣ ёдовар шуд, коши (кафел)-и муаррақ (навъе кандакорӣ)-и луобдори нақшунигоршуда дар кафи ин бино аз дигар вижагиҳои зиннатдодаи ин бино аст.

 

Барчасп