Март 31, 2018 16:27 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Ҳодисаи хунбори Ғазза шармовар аст

Вазири умури хориҷии Эрон ҳодисаи хунбори Ғаззаро шармовар тавсиф кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба ҳодисаи рӯзи ҷумъаи борикаи Ғазза дар сафҳаи твиттерии худ навишт: “Дар шомгоҳи Иди пок, ки ёдовари раҳоии ҳазрати Мӯсо ва мардумаш аз зулму ситам аст, саҳюнистҳои золим муътаризони сулҳталаби фаластиниро, ки сарзаминашон ба сирқат рафтааст, ҳангоме ки барои фирор аз вазъияти бераҳмона ва асорати нажодпарастонаи ғайриинсонии худ даст ба роҳпаймоӣ мезаданд, ба қатл мерасонанд. Ин шармовар аст”.

Ба дунболи роҳпаймои мусолиматомези 10-ҳазорнафарии фаластиниҳо ба муносибати Рӯзи замин низомиёни режими саҳюнистӣ 15 фаластиниеро, ки умдатан зери 16 сол ҳастанд, ба шаҳодат расонданд ва ҳудуди 1500 нафарро захмӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ як аз ин тазоҳуркунандагони фаластинӣ мусаллаҳ набуд, ё онҳо таҳдиде барои низомиёни саҳюнист ҳисоб намешуданд. Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза аз ниҳодҳои имдодрасон хост, барои бемористонҳои минтақа дору ва таҷҳизоти беҳдоштию пизишкӣ ирсол кунанд.

 

Барчасп