Рӯҳонӣ: Таомули созанда бо ҳамсоягон ва ҷаҳон аз сиёсатҳои усулии Эрон аст
(last modified Tue, 03 Apr 2018 11:23:06 GMT )
Апрел 03, 2018 16:23 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Таомули созанда бо ҳамсоягон ва ҷаҳон аз сиёсатҳои усулии Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таомули созанда бо ҳамсоягон ва ҷаҳонро аз сиёсатҳои усулии Эрон унвон кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори наврӯзӣ бо ҷамъе аз вазирон, устондорон ва мудирони дастгоҳҳои иҷроия гуфт, дар таомул бо ҳамсоягон ва ҷаҳон, бетардид, манофеъ ва суди бештаре насиби Эрон мешавад ва ин сиёсат, бавижа дар Соли ҳимоят аз тавлиди колои эронӣ беш аз пеш пайгирӣ хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли 1397 (ҳиҷрии шамсӣ) соли ҷадидро Соли ҳимоят аз колои эронӣ номгузорӣ карданд.

Рӯҳонӣ тақвияти умед, нишот дар ҷомеа ва эҷоди фазои муносибтар барои кору тавлид дар Соли ҳимоят аз колои эрониро вазифа ва масъулияти сангини ҳама масъулони Эрон баршумурда афзуд, давлат дар арсаи эҷоди иштиғол ва мубориза бо фақр то решакан кардани он гомҳои арзандае бардоштааст ва ин гомҳо дар соли ҷорӣ пуршитоб идома хоҳад ёфт. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, ки соли 1397 соли баракат ва тақвияти беш аз пеши амният, тавсеа, бародарӣ ва ваҳдат барои мардум бошад. Рӯҳонӣ ҳамчунин биъсати Паёмбари Ислом (с)-ро бузургтарин ҳодисаи таърихи башарият хонда таъкид кард, ин рӯйдоди таърихсоз роҳи ҳидоятро ба ҳама нишон дод.

27-уми раҷаби соли 1439 (ҳиҷрии қамарӣ), 14-уми апрели соли 2018 рӯзи биъсати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), Паёмбари Ислом аст.