Бонуи гурҷистонӣ мусулмон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i32372-Бонуи_гурҷистонӣ_мусулмон_шуд
Бонуи ҷавони гурҷистонӣ бо гуфтани шаҳодатайн дар ҳарами Имом Ризо (а) мусулмон шуд ва мазҳаби ташайюъро барои худ интихоб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 08, 2018 09:23 Asia/Dushanbe
  • Бонуи гурҷистонӣ мусулмон шуд

Бонуи ҷавони гурҷистонӣ бо гуфтани шаҳодатайн дар ҳарами Имом Ризо (а) мусулмон шуд ва мазҳаби ташайюъро барои худ интихоб кард.

Ба гузориши хабаргузори ИРНА, мудири умури зоирони ғайри эронии остони Қудси Разавӣ гуфт, Мария бонуи 20 солаи гурҷистонӣ бо мутолиаи манобеи исломӣ ва шинохте, ки дар бораи мазҳаби ташайюъ пайдо карда буд, ба дини Ислом ва мазҳаби ташайюъ алоқаманд шудааст.

Сайидҷаводи Ҳошиминажод афзуд, ба ин бонуи тоза мусулмон шуда, як ҷилд Қуръон ба забони русӣ ва теъдоде ҳадоёи фарҳангӣ эҳдо шуд.

Ба гуфта вай дар соли 2017, 31 нафар дар ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) мусулмон шуданд.