Таъкиди Эрон ва Узбакистон бар густариши ҳамкории иқтисодӣ
Вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва муовини аввали нахуствазири Узбакистон бар густариши равобити иқтисодии Теҳрон ва Тошканд таъкид карданд.
Муҳаммади Шариатмадорӣ дар дувоздаҳумин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ, илмӣ ва фаннии Эрон ва Узбакистон дар Теҳрон гуфт: Талоши масъулони ду кишвар дар рафъи монеъҳои ҳамкорӣ, нишондиҳандаи азм Эрон ва Узбакистон дар густариши равобити дуҷониба аст.
Шариатмадорӣ гуфт: Маҷмуи арзиши содирот ва мубодилоти тиҷории Эрон бо ҷаҳон дар соли гузашта 200 миллиард доллар будааст ва бо ин нигоҳ, Эрон метавонад шарики хубе барои Узбакистон бошад.
Вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ҳамкории транзитии Эрон ва Узбакистонро аз муҳимтарин заминаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба хонд ва афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти роҳбурдии ду кишвар, Эрон аз сиёсатҳои мутанаввеъсозии шабакаҳои роҳ ва ҳамлу нақл истиқбол мекунад.
Очилбой Раҳматов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон низ дар дувоздаҳумин Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Узбакистон бо ишора ба иштирокҳои фарҳангӣ ва таърихии ду кишвар гуфт: Узбакистон, Эронро ҳамкори мавриди эътимоди худ дар минтақа медонад.
Раҳматов гуфт, Эрон яке аз кишварҳои тарафи тиҷории Узбакистон аст ва арзиши мубодилоти тиҷории ду кишвар 2017 ба 325 миллион доллар расид.