Ҳушдори Рӯҳонӣ ба паймоншиканони БАРҶОМ
Раисҷумҳури исломии Эрон таъкид кард: Теҳрон барои ҳар шароите омодааст ва бо шикасти БАРҶОМ, паймоншиканон пушаймон хоҳанд шуд ва камтар аз як ҳафта натоиҷи онро хоҳанд дид.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар маросими дувоздаҳумин солгарди рӯзи миллии фанноварии ҳастаӣ, гуфт: Эрон дар тӯл ду соли гузашта аз БАРҶОМ, беш аз 130 дастоварди муҳим дар ҳавзаи ҳастаӣ доштааст.
Раиси қувваи муҷрия бо таъкид бар инки БАРҶОМ ҳаракатро кунд намекунад, тасреҳ кард: Эрон тавонист ба воситаи БАРҶОМ аз имкони ҳамкорӣ бо дигарон низ истифода кунад ва имрӯз дар бисёре аз тарҳҳо бо бархе кишварҳои аврупоӣ, Русия ва Чин, ҳамкориҳои хубе дорад.
Рӯҳонӣ таъкид кард: Масири таҳқиқоти ҳастаӣ бо суръати бештаре идома меёбад ва Эрон дар ин масир аз ҳеҷ кас иҷоза намегирад.