Паёми табрики Рӯҳонӣ ба Илҳом Алиев
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, интихоби дубораи Илҳом Алиевро ба унвони раисиҷумҳури Озарбойҷон табрик гуфт.
Ҳасан рӯҳонm рӯзb панҷшанбе дар ин паёми табрик, таъкид кард, раванди густариши муносиботи дӯстона ва бародаронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон, бо тадовуми ройзании масъулони ду кишвар ҳамчунон бо қувват идома хоҳад ёфт.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард, ин интихоб нишон диҳадаи ҳимояти мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон аз барномаҳои давлат ва алоқаи онон ба идомаи масири тавсеа ва пешрафти кишварашон бо ҳидоят ва тадбири Илҳом Алиев аст.
Илҳом Алиев, раисиҷумҳури кунунии Озарбойҷон рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) дар ҳаштумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, бо касби ҳудуди 86 дарсади оро, бори дигар ба унвони раисиҷумҳури Озарбойҷон интихоб шуд.