25 фарвардин - Рӯзи бузургдошти Аттори Нишопурӣ гиромӣ бод
25 фарвардин, Рӯзи бузургдошти Шайх Фаридуддини Аттори Нишопурӣ, яке аз шоирон ва орифони баландноми адабиёти форсӣ дар поёни сада шашум ва оғози садаи ҳафтум аст.
Аттори Нишопурӣ дар соли 540 ҳиҷрии қамарӣ дар Кадкани Нишопур дида ба ҷаҳон гушӯд.
Вай яке аз пуркортарин шоирони эронӣ ба шумор меравад ва бино ба назари орифон дар заминаи ирфонӣ аз мартабае боло бархурдор будааст.
Падари Аттор, шуғли атторӣ (дору фурӯшӣ) дошт ва Фаридуддин ҳам пас аз марги падараш ба ҳамин шуғл машғул шуд, лекин дар авосити умри худ, дучори таҳаввули рӯҳӣ шуд ва ба ирфон рӯй овард.
Аз ин шоир ва орифи номӣ беш аз 114 асар вуҷуд дорад, ки муҳиммтарини он “Тазкират- ул Авлиё”, “Мантиқуттайр”, “Илоҳи-нома”, “Мусибатнома”, “Панднома” ва “Асрорнома” аст.
Сухани Аттор дар осораш, содда ва гирост; Ӯ барои баёни мақсадҳои ирфонии худ, каломи содда ва холӣ аз ҳаргуна ороиш интихоб кардааст.
Ҳамчунин кумак гирифтани ӯ аз тамсилот ва баёни достонҳо ва ҳикоёти мухталиф, яке дигар аз ҷозибаҳои осори ӯст, ки боис шуда сармашқи урафои номии баъд аз худ, монанди Мавлавӣ ва Ҷомӣ қарор гирад.
Аттор дар канори Саноӣ ва Мавлоно аркони адабиёти ирфони форсиро ташкил медиҳанд ва Мавлоно дар васфи Аттор мегӯяд, “Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт/ Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем”.
Вай дар соли 618 ҳиҷрии қамарӣ дар ҳамла ва тохту този Муғулонон дар дарвозаи вурудии Шодёх кушта шуд ва мазораш воқеъ дар боғе дар шаҳри Нишопур, ҳар сола пазирои алоқамандон ба адаб ва фарҳанги эронӣ аст.
Ҳар сол дар рӯзи 25 фарвардин (14 апрел), маросими бузургдошти Аттор дар Нишопур баргузор мешавад.
Имсол ҳам ин маросими миллӣ бо ҳузури Атторшиносон ва андешамандони дохилӣ ва хориҷӣ аз кишварҳои Ҷопон, Бангладеш, Туркия, Ироқ, Афғонистон ва Покистон имрӯз (шанбе) дар Нишопур дар ҳоли баргузорӣ аст.
Рӯнамоӣ аз муҷассамаи Аттори Нишопурӣ ва гулборони мақбараи ин шоири номӣ, аз ҷумла барномаҳои гиромидошти рӯзи Аттор дар Нишопур аст.