Апрел 15, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Вилоятӣ: Нишасти сарони араб бо фишори Арабистон беэътибор аст

Мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал, баргузории Нишасти сарони араб бо меҳварият ва фишори давлати Арабистони Саудиро аз назари сиёсӣ дар арсаи байналмилал комилан беэътибор донист.

Бисту нуҳумин Нишасти сарони Иттиҳодияи Араб якшанбе дар Зуҳрон, шарқи Арабистон баргузор шудааст.

Алиакбари Вилоятӣ дар ҷамъи хабарнигорон, дар бораи Нишасти сарони Иттиҳодияи Араб дар Арабистон гуфт: Дар ин нишастҳо аз киёни ҷаҳони араб ва кишвари Сурия, ки мазлумона ҳафт сол бо таҷовуз мувоҷеҳ шудааст, дифоъ намешавад.

Мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал таъкид кард: Нишасти имрӯзи сарони араб низ ба ҷуз баёнияе дикташуда аз сӯи ҳукумати мутазалзили Саудӣ, ки дар он содир мешавад, чизи дигаре надорад ва аслан фоқиди аҳаммият аст.

 

Барчасп