Омодагии Қазоқистон барои тавсеаи гардишгарӣ бо Эрон
Муовини сафири Қазоқистон дар Эрон, табодули гардишгар байни ду кишварро хостор шуд.
Ба гузориши ИРНА, Нуржон Абдуллоев бо ишора ба таъкиди раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар афзоиши табодули гардишгар байни кишварҳои исломӣ, афзуд, давлати Қазоқистон низ ба дунболи таҳаққуқи ин амр ва муаррифии ҷозибаҳои Эрон ва Табрез барои ҳамватанони он кишвар аст.
Маросими оғоз ба кори расмии рӯйдоди байналмилалии Табрез ба унвони пойтахти гардишгарии кишварҳои исломӣ дар сол 2018, дирӯз (чаҳоршанбе) бо ҳузури раисиҷумҳури Эрон ва теъдоде аз сафирон ва вазирони гардишгарии кишварҳои минтақа, баргузор шуд.
Муовини сафири Қазоқистон тасреҳ кард, лағви раводид байни Эрон ва Қазоқистон боиси табодули осонтари гардишгар ва вуруди бештари қазоқҳо ба Эрон хоҳад шуд ва тавофуқ шудааст, то поёни соли оянда ин амр муҳаққақ шавад.
Абдуллоев, Табрезро шаҳри зебо, дорои обуҳавои тамиз ва манозири дидании зиёд тавсиф кард ва афзуд, барои дидори ҳамватанони қазоқ аз ин шаҳри зебо ва таърихӣ, талош хоҳад кард.
Табрез, ки дар соли 2018 ба унвони пойтахти гардишгарии кишварҳои исломӣ интихоб шуд, шаҳри таърихӣ, дорои ҷозибаҳои табиӣ, таърихӣ ва саноеи дастии фаровон аст.