Сентябр 01, 2016 18:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар тақвияти тавони дифоӣ ва таҳоҷумӣ

Афзоиши тавони дифоӣ ва таҳоҷумӣ ҳаққи мусаллами Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб ва фармондеҳи кулли қувво рӯзи чаҳоршанбе, пас аз боздид аз фановариҳои пешрафта, бумӣ ва донишбунёни нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҷамъи вазир, масъулон, муҳаққиқон ва мутахассисони Вазорати дифои Эрон бо таъкид бар ин нукта афзуданд, пешрафтҳо дар санъати дифоии Эрон натиҷаи ҳаракати азими илмии Эрон дар дувоздаҳ соли гузашта аст.

Эшон изҳор доштанд, донишмандони ҷавони Эрон муваффақ ба шикастани хутути марзи илм шудаанд ва ин ҳаракат бояд бо қудрат идома ёбад, зеро пешрафт дар ҳар арса заминасози пешрафтҳои ҷадид дар бахшҳои дигар аст. Амният бар ду унсур устувор аст. Унсури аввал доштани дониш ва тахассус дар саноеи дифоӣ аст ва агар кишваре аз ин унсур бебаҳра ва ҳатто камбаҳра бошад, дар арсаи дифоӣ дучори вобастагӣ ва осебҳои ношӣ аз он хоҳад шуд. Ин вазъият, имрӯз дар мавриди бархе кишварҳои араби халиҷи Форс дида мешавад, ки мисдоқи ин вобастагӣ ҳақоратомез аст. Унсури дуввум дар иқтидори дифоӣ ва таҳоҷумӣ, хулосаи зарфиятҳои дифоӣ бо ахлоқ ва маънавият аст. Шояд аз нигоҳи бархе назарияпардозони умури низомӣ, ахлоқ дар миллитаризм, мафҳуме надошта бошад. Ин дидгоҳ аммо нуктаи муқобили андешае аст, ки иқтидорро ба мафҳуми дифоъ дар муқобила бо мутаҷовиз ва ҳатто қарор гирифтан дар мавқеияти як кунишгари таҳоҷумӣ боздоранда медонад.

Раҳбари муаззами инқилоб дар табйини фосила миёни ин ду дидгоҳ ёдовар шуданд, дар дунёе, ки қудратҳои зӯргӯ, султагар ва дорои камтарин ҷавҳари виҷдон ва инсоният ҳоким ҳастанд ва аз таҷовуз ва куштори инсонҳои бегуноҳ ибое надоранд, тавсеаи саноеи дифоӣ ва таҳоҷумӣ табиӣ аст, зеро ин қудратҳо то иқтидори кишвареро эҳсос накунанд, амнияти он таъмин нахоҳад шуд.

Яке аз аносури муҳим аз дидгоҳи низоми ҷумҳурии исломӣ барои густариши саноеи дифоӣ, таваҷҷуҳ ба ахлоқ дар арсаи низомӣ аст. Ба ҳамин далел дар ҳаракати рӯ ба пеши Эрон дар арсаи тақвияти тавони дифоӣ, маҳдудитҳое вуҷуд дорад ва аз ҷумла силоҳи куштори ҷамъӣ ҳамчун химиявӣ ва ҳастаӣ, бар асоси мабонии эътиқодӣ ва динӣ дар Эрон мамнуъ аст.

Нуктаи дигар, ки Раҳбари муаззами инқилоб ба он ишора карданд, хариди таҷҳизоти дифоӣ аст. Эшон дар ин бора ба нороҳатии қудратҳои султагар аз хариди таҷҳизоти дифоии Эрон аз бархе кишварҳо ишора ва тасреҳ карданд, ин қудратҳои муддаии ақл ва инсоф дар бораи салоҳияти ахлоқи кишварҳо барои доштан ё надоштани бархе таҷҳизоти дифоӣ сухан мегӯянд, дар ҳоле, ки худ ба ҳеҷ асли ахлоқ пойбанд нестанд.

Дар маҷмӯъ дар шаклгирии унсурҳои амниятӣ, иқтидори дифоӣ ва таҳоҷумӣ ҳарфи нахустро мезанад. Аз ин рӯ Эрон дар такмили таъмини ниёзҳои дифоии худ, илова бар бумисозии саноеи дифоӣ, дар мавориде низ монанди хариди сомонаҳои дифоӣ, иқдомотеро, ки барои тақвияти дифоии худ зарурӣ мебинад, анҷом медиҳад. Намунаи ахири он хариду насби сомонаи дифоии мушакҳои "С -300" аз Русия аст. Бадеҳӣ аст, Эрон барои он чи дар арсаҳои мутаорифи дифоии зарурӣ ташхис диҳад, аз дигарон иҷоза намегирд ва дар такмили тавони дифоии худ аз ҳамаи муаллафаҳо, аз тақвияти саноеи дифоӣ то таомулоти мутаорифи низомӣ баҳра мегирад. Баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар боздид аз пешрафт дар саноеи дифоӣ, таъкид бар ин муҳим ва равшангароии усули докторинаи дифоии Эрон аст.