Рӯҳонӣ: Хурӯҷи Амрико аз БАРҶОМ – нишонаи пойбанд набудани Вашингтон ба тавофуқоти байналмилалӣ
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз эъломи хурӯҷи Амрико аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), гуфт, Амрико ҳеҷ гоҳ ба тааҳҳудоташ пойбанд, набудааст ва хурӯҷаш аз БАРҶОМ низ қобили пешбинӣ буд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ афзуд, аз ин пас ин тавофуқ бо ҳамкории Эрон бо панҷи кишвари Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон пайгирӣ хоҳад шуд.
Рӯҳонӣ бо қобили пешбинӣ хондани хурӯҷи Амрико аз тавофуқи байналмилалии БАРҶОМ гуфт, таърихи чиҳилсолаи Инқилоби Исломӣ ва ҳатто қабл аз он ба мо собит карда, ки амрикоиҳо дар қиболи миллати бузурги Эрон ва милали минтақа, ҳамвора рафторе хасмона дошта ва ҳеҷ гоҳ дар ростои сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон ҳаракат накардаанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба бадаҳдии давлати Трамп дар қиболи тавофуқномаҳои байналмилалӣ, гуфт, тасмими Трамп дар бораи БАРҶОМ, оғози як ҷанги равонӣ алайҳи Эрон аст, аммо миллати муқовими Эрон таҳти таъсири ин ҷанги равонӣ қарор нахоҳанд гирифт.
Рӯҳонӣ афзуд, бо вуҷуди аҳдшикании Амрико, тавофуқи БАРҶОМ пойдор хоҳад монд ва мо метавонем дар роҳи сулҳ бо соири шарикон қадам бардорем, аммо агар манофеи мо таъмин нашавад дар он шароит, тасмимоти ҷадиде иттихоз хоҳем кард.