Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ кадом қобили эътимод нестанд
(last modified Fri, 11 May 2018 11:08:17 GMT )
Май 11, 2018 16:08 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ кадом қобили эътимод нестанд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ таъкид кард: Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳеҷ кадом қобили эътимод нестанд ва Брюссел дар бадаҳдӣ дасти каме аз Вашингтон надорад.

Оятуллоҳ Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон изҳор кард: Агар дар муҳлати чанд ҳафтае, ки Теҳрон ба Иттиҳодияи Аврупо додааст, хисороти Эрон ҷуброн нашавад, дар БАРҶОМ нахоҳем монд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо таъкид бар инки Эрон ба иқтидори низомии худ идома хоҳад дод, гуфт: Агар режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон девонагӣ кунад, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Телавив ва Ҳайфоро бо хок яксон хоҳад кард.

Оятуллоҳ Хотамӣ хотирнишон кард: Ҳомиёни Амрико ва режими саҳюнистӣ дар минтақа шомили режимҳои Арабистон, Баҳрайн ва Иморот ҳам бидонанд, агар иттифоқе дар минтақа алайҳи Эрон биафтад, онон пешмарги Амрико хоҳанд шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо табрики пирӯзии Ҳизбуллоҳ дар интихоботи парлумонии Лубнон гуфт: Ин интихобот, пирӯзии бузурге барои меҳвари муқовимат ва шикасти сангине барои Арабистон буд.

Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин бо қадрдонӣ аз посухи кӯбандаи Сурия ба ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ, таъкид кард: Посухи Сурия ба таҷовузҳои режими саҳюнистӣ бисёр шуҷоона буд ва боис шуд шаҳракҳои саҳюнистнишин ба шаҳри арвоҳ табдил шаванд.