Май 15, 2018 15:33 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазири умури хориҷаи Эрон дар Брюссел

Вазири хориҷаи Эрон, ки барои музокира дар бораи тавофуқи ҳастаӣ ба Брюссел, пойтахти Белгия сафар кардааст, бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дидор кард.

Дар дидори Муҳаммадҷаводи Зариф бо Федерика Могерини, ки дар маҳалли Шӯрои Аврупо дар Брюссел баргузор шуд, дутараф дар бораи чигунагии идомаи БАРҶОМ гуфтугӯ карданд.

Вазири хориҷаи Эрон душанбе шаб баъд аз сафар ба Пекин ва Маскав ва дидор бо вазирони хориҷаи Чин ва Русия вориди Брюссел шуд, то бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин вазирони хориҷаи Англия, Фаронса ва Олмон дидор кунад.

 

Барчасп