Даъвати ФИФА аз Рӯҳонӣ барои ҳузур дар маросими ифтитоҳияи Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия
(last modified 2018-05-23T13:31:30+00:00 )
Май 23, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
  • Даъвати ФИФА аз Рӯҳонӣ барои ҳузур дар маросими ифтитоҳияи Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия

Раиси федератсияи байналмалалии футбол (ФИФА) бо ирсоли номае ба сурати расмӣ аз раисҷумҳури исломии Эрон барои ҳузур дар маросим ифтитоҳияи Ҷоми ҷаҳонии футболи 2018 Русия даъват кард.  

Дар даъватномаи Ҷанни Инфантино, раиси ФИФА ба Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст: Футбол аз ин қудрати мунҳасир ба фард бархурдор аст, то инсонҳоро муттаҳид кунад ва тамоми ҳисорҳои фарҳангӣ ва иҷтимоиро фуру резад ва қатъан Ҷоми ҷаҳонии 2018, маҷоле барои ҷашн ва иттиҳод аст.

Инфантино чанд моҳ пеш ҳам дар сафар ба Эрон аз раисҷумҳури Эрон хоста буд, барои маросими ифтитоҳияи ҷоми ҷаҳонӣ ба Русия сафар кунад.