Руҳонӣ: Агар дар баробари абарқудрат залил бошем, ба ҷое нахоҳем расид
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баён инки иззат, азамат ва обрӯ аз ҳар чизи дигаре барои як миллат, болотар аст, гуфт: Агар миллате сарватманд ва пурҷамъият дошта бошем, аммо дар баробари як абарқудрат, залил бошем, ба ҷое нахоҳем расид.
Ҳасани Руҳонӣ шомгоҳи панҷшанбе дар кунгураи таҷлил аз исоргарон, вижаи шуҳадои фатҳи Хуррамшаҳр, ки ҳамзамон бо севуми хурдод, солрӯзи озодсозии ин шаҳр дар Теҳрон баргузор шуд, бо ишора ба инки раиси ҷумҳурии Амрико мардуми Арабистонро гови ширдеҳ меномад ва бо бешармӣ эълом мекунад, ки бояд онҳоро дӯшид, изҳор кард: Сарват ва зиндагии зебо барои як миллат арзишманд аст, аммо болотар аз он, ҷойгоҳ ва обрӯи як миллат аст.
Руҳонӣ бо таъкид бар инки агар размандагон аз марзу бум, ҳайсият, ислом ва инқилоби исломии Эрон дифоъ намекарданд, имрӯз маълум набуд дар чӣ шароит ва ҷойгоҳе қарор доштем, афзуд: Дар чанд соли ахир дидед, ки иддае террорист дар Ироқ ва Сурия бо ҷон, мол ва номуси мардум чӣ рафторе доштанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард: Имрӯз миллати Эрон ба унвони миллате бузург ва азиз дар ҷаҳон матраҳ аст, зеро яктана ва бо такя ба Худо дар баробари душман истод ва дифоъ кард.
Руҳонӣ бо баёни инки дар даврони дифои муқаддас ҳеҷ рӯзе мардуми Эронро аз рӯзи озодсозии Хуррамшаҳр хушҳолтар накард, гуфт: Паёми севуми хурдод ин аст, ки ҷаҳон дар фатҳи Хуррамшаҳр пазируфт, Эрон шикастнопазир аст.
Рӯзи севуми Хурдод, 24 май, солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр (ҷанубу ғарб Эрон), дар соли 1982 аст.