Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар лузуми пайгирии парвандаҳои ҷиноёти ҳуқуқибашарии Амрико дар Созмони милал
(last modified 2018-05-26T04:28:42+00:00 )
Май 26, 2018 09:28 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар лузуми пайгирии парвандаҳои ҷиноёти ҳуқуқибашарии Амрико дар Созмони милал

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ чаҳоршанбеи гузашта (23 май) дар дидори сарони се қувва ва ҷамъе аз масъулон ва коргузорони низом, бо арзёбии амалкарди Созмони милал, бар лузуми пайгирии чанд парвандаи муҳим аз ҷиноёти ҳуқуқибашарии Амрико дар ин созмон таъкид карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ амалкарди Созмони милалро номуносиб ва таҳти нуфузи Амрико донистанд ва гуфтанд: Чанде қабл дабири кулли Созмони милал як рӯз пас аз маҳкум кардани ҷиноёти саудиҳо алайҳи мардуми Яман, ҳарфи худро пас гирифт, ки ин намунаҳо нишон медиҳад Созмони милал таҳти фишори Амрико ва қорунҳои минтақаи Халиҷи Форс аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баршумурдани ҷиноёт ва парвандаҳои ҳуқуқибашарии Амрико ба мавридҳое ҳамчун «сӯзондани аъзои фирқаи довудиҳо дар Амрико дар замони Клинтон», «нигаҳдорӣ ва шиканҷаи фаҷеъи зиндониён дар зиндонҳои Гуантанамо, Абуғурайби Ироқ ва як зиндони амрикоӣ дар Афғонистон», «озодии фурӯши силоҳ дар Амрико ба далели манофеи ширкатҳои аслиҳасозӣ», «рафтори ваҳшиёнаи полиси Амрико бо сиёҳпӯстон», «нақши муассири Амрико дар эҷод ҳимоят аз ДИИШ», «кумак ба режими саҳюнистӣ дар куштори мардум, аз ҷумла дар куштори ахири Ғазза» ва «кумак ва ҳимоят аз саудиҳо дар куштори мардуми Яман ва саркӯби мардуми Баҳрайн» ишора карданд.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Созмони милал агар Созмони милал аст ва вобаста ба режими Амрико нест, бояд ин парвандаҳоро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ ва кӯтоҳиҳои гузаштаи худро ҷуброн кунад.

Дигар масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳамвора аз сукути Созмони милали муттаҳид дар қиболи ҷиноёт ва парвандаҳои ҳуқуқибашарии Амрико интиқод кардаанд.

Оятуллоҳ Содиқи Омулии Лориҷонӣ раиси қувваи қазоияи Эрон чанде пеш бо интиқод аз вобастагии ниҳодҳои ҳуқуқибашарии Созмони милал ба қудратҳои бузург гуфт: Ин ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ дар борат ҷиноёти Амрико, режими саҳюнистӣ ё иқдомоти ҷинояткоронаи Арабистони Саудӣ дар Яман ва дигар манотиқ сукут ихтиёр кардаанд ва ҳеҷ вокунише нишон намедиҳанд.

Раиси қувваи қазоияи Эрон таъкид кард: Ниҳодҳои ҳуқуқи башарии Созмони милал ба ҷойи ҳимоят аз мазлум дар канори золим қарор гирифтаанд.

Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар ин замина гуфт: Ҷаҳониён шоҳиди дугонагӣ дар рафтори Ғарб ва бархе ниҳодҳои байналмилалии ҳамчун Созмони милал ба масъалаи ҳуқуқи башар ҳастанд ва сукути онҳоро инчунин таъбир кардаанд, ки маънои ҳуқуқ башар дар қомуси онҳо сирфан ҳимоят аз ҳуқуқи ғарбиҳо аст.

 

Барчасп