Май 28, 2018 09:28 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Руҳонӣ бар идомаи талошҳо барои лағви таҳримҳои Амрико

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар идомаи талошҳо барои лағви таҳримҳои якҷонба ва хасмонаи Амрико зидди Эрон таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ якшанбешаб дар дидори ҷамъе аз асотид ва фаъолони иқтисодӣ дар Теҳрон, бурунгароии иқтисоди миллиро аз илзомот ва сиёсатҳои аслии низом донист ва гуфт, бо иттиҳод метавон тавтеаҳои душманонро хунсо ва ҳар таҳримеро ба фурсат табдил кард.

Руҳонӣ зимни ҳимоят аз бахши хусусӣ барои беасар кардани таҳримҳо афзуд: Амрикоиҳо дурӯғ мегӯянд, ки ҳадафшон аз таҳримҳо, мардуми Эрон нест, онҳо миллати Эронро ҳадаф гирифтаанд.

Раиси Ҷумҳурии Исломи Эрон зимни таъкид бар пешрафти Эрон, ҳимоят аз сармоягузори хориҷӣ ва содироти миллиро хостор шуд.

Руҳонӣ хотирнишон кард, имрӯз ба ҷуз чанд кишвар, аксарияти қотеи кишварҳо, бадхоҳии Амрико зидди Эронро маҳкум карданд ва Ҷумҳурии исломии Эрон аз як ҳимояти ҳуқуқии байналмилалӣ ва пуштивонаи гузоришҳои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз БАРҶОМ ва барномаи ҳастаӣ бархурдор аст.

 

 

Барчасп