Май 29, 2018 11:38 Asia/Dushanbe
  • Такзиби музокираи ғайримустақими Эрону режими саҳюнистӣ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон хабарсозиҳо дар бораи музокираи ғайримустақими Эрон ва режими саҳюнистӣ дар Урдунро такзиб кард.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи душанбе дар вокуниш ба иддаои бархе расонаҳои саҳюнистӣ ва Саудӣ дар бораи музокираи ғайримустақими Эрон ва режими саҳюнистӣ дар Урдун гуфт, ин иддао аз асоси кизб ва хабарсозӣ аст. Қосимӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъан ва асосан режими қалбакӣ, террористӣ ва ғосиби Исроилро ба расмият намешиносад ва ҳадаф аз чунин дурӯғпароканиҳо низ комилан возеҳу ошкор аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон таъкид кард, ҳангомаи хиёнати бархе кишварҳои арабӣ ба ормони Фаластин ва поймол кардани муҷоҳидату муқовимати чанд даҳсолаи миллати муборизи он сарзамин хабарсозии муғризона ва пӯчи бархе вебгоҳҳои вобаста ба меҳвари ибрӣ - арабӣ барои инҳирофи афкори умуми ҷаҳониён аз ҷиноёти ахири режими саҳюнистӣ ҷойи ҳеҷ гуна тааҷҷубе надорад.

 

Барчасп