Нобудии тими террористӣ дар ҷануби шарқи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i34898-Нобудии_тими_террористӣ_дар_ҷануби_шарқи_Эрон
Фармондеҳи интизомии устони Систон ва Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон аз нобудии як тими террористӣ дар шаҳристони Саровони ин устон хабар дод.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2018 12:45 Asia/Dushanbe
  • Нобудии тими террористӣ дар ҷануби шарқи Эрон

Фармондеҳи интизомии устони Систон ва Балучистон дар ҷануби шарқи Эрон аз нобудии як тими террористӣ дар шаҳристони Саровони ин устон хабар дод.  

Генерал Муҳаммади Қанбарӣ, фармондеҳи интизомии Систон ва Балучистон гуфт: Тимҳои таковарии полис дар ҷавори минтақаи умумии марзи Саровон бо авомили гурӯҳаки террористии зиддиинқилоб даргир шуданд ва як нафари ононро ба ҳалокат расонданд.  

Генерал Қанбарӣ афзуд: Дар ин амалиёт миқдори қобили таваҷҷуҳе силоҳи сабук ва нимасангин, чанд адад талаи инфиҷорӣ ва ҷилиқаи интиҳорӣ ва муҳиммоти бисёре аз террористҳо кашф шуд.