Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сиёсатҳои куллии хонаводаро иблоғ карданд
(last modified Sat, 03 Sep 2016 11:01:47 GMT )
Сентябр 03, 2016 16:01 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сиёсатҳои куллии хонаводаро иблоғ карданд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар иҷрои банди яки асли 110-и Қонуни асосии Эрон, сиёсат‎ҳои куллии хонаводаро иблоғ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дар матни сиёсатҳои куллии хонавода, ки ба раисони қувои сегона ва раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон иблоғ шуд, омадааст: "Хонавода воҳиди бунёдӣ ва санги бинои ҷомеаи исломӣ ва конуни рушди инсон ва пуштибони саломат ва иқтидори маънавии Эрон ва низоми исломӣ аст".

Дар ин сиёсати иблоғӣ омадааст: "Эҷоди ҷомеае хонаводамеҳвар ва тақвияту таҳкими хонавода бар пояи улгуи исломии хонавода, ба унвони маркази тарбияти исломии фарзанд ва конуни оромиш ва меҳвар қарор гирифтани хонавода дар ҳама қавонин ва муқаррарот, барномаҳо ва сиёсатҳои иҷроӣ лиҳоз шавад".

Барҷаста кардани коркардҳои иртиботи хонавода ва масҷид барои ҳифз ва иртиқои ҳуввияти исломӣ ва миллӣ ва сиёсатгузорӣ ва вазъи қавонин ва муқаррароти ташвиқӣ ва ҳимоятӣ ва фарҳангсозӣ барои ҳимоят аз хонавода ва ҷомеа, эҷоди наҳзати фарогири миллӣ барои тарвиҷ ва тасҳили издивоҷи муваффақ ва осон барои ҳамаи духтарон ва писарон дар синни муносиби издивоҷ, аз дигар мавориде аст, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар сиёсати иблоғии худ ба раисони қувои сегонаи Эрон таъкид кардаанд.