Эрон ҳамлаи террористӣ ба гирдиҳамоии уламои Афғонистонро маҳкум кард
Июн 04, 2018 14:57 Asia/Dushanbe
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон инфиҷори террористӣ дар маҳалли баргузории гирдиҳамоии садҳо тан аз уламои Афғонистонро маҳкум ва бо давлат, миллат ва хонаводаи қурбониёни ин ҷиноят ибрози ҳамдардӣ кард.
Баҳроми Қосимӣ гуфт: Дар рӯзе, ки уламои Афғонистон гирдиҳам омада буданд, то дар бораи сулҳ ва маҳкумияти террор ва хушунат дар ин кишвар гуфтугӯ кунанд, дастони палиди террористҳои ҷангталаб ҷинояте офарид, то нидои ҳақталбона ва сулҳхоҳии олимони дин аз саросари ин кишвар ва паёми инсоният, раҳмат ва мубориза бо душманӣ ва хушунат ва терроризм, ба гуши мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳо нарасад.
Вай афзуд: Сулҳи пойдор дар Афғонистон дар гарави ваҳдат аст.