Эъломи ҳамбастагии миллати Эрон бо мардуми мазлуми Фаластин
(last modified Fri, 08 Jun 2018 08:23:59 GMT )
Июн 08, 2018 13:23 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳамбастагии миллати Эрон бо мардуми мазлуми Фаластин

Миллати Эрони исломӣ бо ҳузури пуршукӯҳи худ дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс бори дигар ҳимояти худро аз Қудси Шариф ва мардуми мазлуми Фаластин ба намоиш гузоштанд ва ҳамбстагии худро бо фаластиниён дар мубориза бо саҳюнистҳо ва истикбори ҷаҳонӣ эълом карданд.

Миллати Эрон дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки рамазон ва ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии Қудс, бо ҳузури бошукӯҳ ва густурда дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва бо шиори «Рӯзи ҷаҳонии Қудс, пирӯзии ҷабҳаи муқовамат, шикасти фитнаи амрикоӣ-саҳюнистӣ, азми миллати Фаластин барои бозгашт» ҳамчун солҳои гузашта, шиори «Марг бар Амрико», «Марг бар Исроил», «Марг бар оли Сауд ва хоинони минтақа» ба вижа муздурони такфирӣ ва ДИИШ ва тадовуми шиори озодии Фаластин ва Қудс сар доданд.

Роҳпаймоён ҳамчунин бо дар даст доштани навиштаҳое ишғолгариҳои режими саҳюнистиро маҳкум ва бо ормони озодии Қудси Шариф таҷдиди паймон карданд.

Мақомоти кишварӣ ва лашкарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам ҳамгом бо миллати бузурги Эрон, фарёди ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин сар доданд ва ҷиноёти зиддибашарии режими ишғолгари Қудсро маҳкум карданд.

Роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамзамон дар беш аз 900 шаҳри Эрон баргузор шуд ва панҷ ҳазору ва сесад хабарнигори дохилӣ ва хориҷӣ ин роҳпаймоиро дар саросари Эрон пӯшиш доданд.

Роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс ҳамзамон бо Эрон дар дигар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мешавад.