Июн 20, 2018 11:56 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷамъи 9 кишвари нахусти фазоии ҷаҳон

Раиси созмони фазоии Эрон рӯзи сешанбе эълом кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи 9 кишвари нахусти фазоии ҷаҳон қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муртазо Барорӣ дар нахустин нишасти ҳамандешии фаъолони бахши хусусии ҳавзаи фазоии Эрон хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чархаи комили фанноварии фазоӣ даст ёфтааст.

Чархаи комили фанноварии фазоӣ шомили фаъолият дар бахши моҳвора, истгоҳи заминӣ, партобгар ва истифода аз шабакаи моҳвораӣ аст.

Вай ҳамчунин бо таъкид бар зарурати ҳузури ҷиддӣ ва муассири бахши хусусӣ дар тавсеаи фанноварии фазоии Эрон хотирнишон кард, ин созмон замина ва бистари лозимро барои рушд ва тавсеаи ширкатҳои хусусӣ фароҳам хоҳад кард.