Бозтоби натиҷаи мусовии бозии тимҳои Эрону Португалия дар AFC
(last modified Tue, 26 Jun 2018 06:28:40 GMT )
Июн 26, 2018 11:28 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби натиҷаи мусовии бозии тимҳои Эрону Португалия дар AFC

Сойти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ба мусовӣ шудани бозии тими миллии Эрону Португалия вокуниш нишон дод.

Тими миллии футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охирин дидори худ дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳонии Русия дар рӯзи душанбе дар шаҳри Саранск ба мусобиқаи тими миллии Португалия рафт ва бозиро бо ин тим мусовӣ кард. Тими миллии футболи Эрон бо ин натиҷа соҳиби чаҳор имтиёз шуд ва дар айни шоистагӣ натавонист роҳии марҳалаи баъдӣ шавад. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, сайти Конфедератсияи футболи Осиё баъд аз ин натиҷа навишт, Эрон бо сари боло бо Ҷоми Ҷаҳонӣ видоъ кард.

Тими футболи Эрон дар Ҷоми Ҷаҳонӣ-2018-и Русия дар гурӯҳи “B” (гурӯҳи марг) бо Испания, Португалия ва Мағриб ҳамгурӯҳ буд. Тими миллии футболи Эрон рӯзи ҷумъа, 15 июн дар нахустин дидори худ дар Ҷоми Ҷаҳонӣ-2018 муваффақ шуд, Мағриб (Марокаш)-ро бо натиҷаи як бар сифр шикаст диҳад. Тими миллии футболи Эрон дар дувумин дидори худ низ бо вуҷуди шоистагии муқобили Испания, беҳтарин тими ҷаҳон бо натиҷаи як бар сифр шикаст хӯрд.

Дар гурӯҳи “B”-и Ҷоми Ҷаҳонӣ-2018-и Русия тимҳои миллии футболи Испания ва Португалия бо панҷ имтиёз аввалу дувум шуданд ва тими Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 4 имтиёз сеюм шуд. Мағриб ҳам бо як имтиёз дар ҷойгоҳи чаҳоруми ин гурӯҳ қарор гирифт. Ба ин тартиб Испания ва Португалия аз ин гурӯҳ роҳии марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Русия шуданд.