Солгарди таркиши террористии ҳафтуми тир дар Теҳрон
Имрӯз панҷшанбе ҳафтуми тири 1397 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 28-уми июни 2018 сию ҳаштумин солрӯзи таркиши террористӣ дар дафтари пешини Ҳизби Ҷумҳурии исломӣ дар Теҳрон аст.
27-уми июни 1981 (ҳафтуми тири 1360) бар асари таркиши бомбе қавӣ дар толори иҷтимооти Ҳизби Ҷумҳурии исломӣ дар Теҳрон оятуллоҳ сайид Муҳаммади Ҳусайнии Биҳиштӣ-раиси девони олии кишвар ҳамроҳ бо 72 нафар аз шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Эрон (чаҳор вазир, 12 муовини вазир ва ҳудуди 30 намояндаи маҷлис) ба дасти аносури гуруҳаки террористии Мунофиқин шаҳид шуданд.
Амалиёти террористии ҳафтуми тир танҳо яке аз иқдомоти гуруҳаки террористии Мунофиқин дар солҳои аввалияи пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон аст, ки дуруст як рӯз пас аз сӯи қасд ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ (Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ) дар масҷиди Абузари Теҳрон ба вуқуъ пайваст.
Дар июни 1981 ва 1987 фоҷеъаҳои террористӣ бо ҳимояти Амрико дар Эрон иттифоқ афтод, ки бо тавсияи Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳафтае ба номи ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ барномарезӣ шуд.
Ҳимоят аз бамборони кимиёии Сардашт аз сӯи режими баъси Ироқ ва шиллики мустақими мушак ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон тавассути нови амрикоӣ, ки дар натиҷаи он 290 сарнишини он ба шаҳодат расиданд аз дигар иқдомоти зиддибашарии Амрико алайҳи Эрон аст.
Пас аз ҳамлаи Амрико ба Ироқ ва суқути режими Саддом низ аносури гуруҳаки террористии Мунофиқин ҳамчунон таҳти ҳимояти Амрико ва Аврупо қарор гирифтанд.