Июл 03, 2018 12:08 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ дар ҷамъи эрониёни муқими Швейтсария:  Миллати Эрон таслими фишори хориҷӣ намешавад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи гуруҳе аз эрониёни муқими Швейтсария бо баёни инки миллати Эрон ҳечгоҳ таслими фишори хориҷӣ нашудааст, эрониёни муқими хориҷро сафирони миллат хонд ва аз онҳо хост дар баёни воқеъиятҳо ва сармоягузорӣ ба эрониёни дохили кишвар кумак кунанд.

Ба гузориши ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо масъулони Швейтсария ба Берн сафар кардааст, шомгоҳи душанбе дар дидори гуруҳе аз эрониёни муқими Швейтсария фаъолиятҳои арзандаи эрониёни хориҷ аз кишварро муҷиби ифтихор донист ва изҳор дошт: Вазифаи ҳамаи мо, талош барои тавсеа ва рифоҳи бештари миллат аст.

Раиси ҷумҳур бо таъкид ба инки ҳаёти моддӣ ва маънавии мо дар гирави пешрафту сарбаландии Эрон аст афзуд: Талоши давлат амалисозии ҳадафҳои миллӣ бо ваҳдат ва ҳамроҳии ҳамаи мардум аст.

Руҳонӣ бо ишора ба инки миллати Эрон дар музокира бо қудратҳои ҷаҳонӣ исбот шудааст изҳор дошт:  Дар натиҷаи иҷрои тавофуқи БАРҶОМ, таомул ва табодулҳои иқтисодӣ ва илмии Эрон бо ҷаҳон равнақ гирифт ва миллиардҳо доллар сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф ба вижа аз сӯи эрониёни муқими хориҷ анҷом шуд.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни инки БАРҶОМ бар асоси нафъи Эрон ва ҷаҳон имзо шуд, гуфт: Мантиқи Эрон тағйир накарда, аммо як тарафи бемантиқ аз БАРҶОМ хориҷ шуда, ки ҳадафаш фишор ба миллати Эрон аст.

Руҳонӣ идома дод: Ҳадафи Амрико аз таҳрим, фишор ба зиндагии мардуми Эрон аст, аммо иддао мекунад, ки мехоҳад ба давлати Эрон фишор ворид кунанд дар ҳоле ки пешгирӣ аз воридоти мояҳтоҷи зарурӣ монанди дору ва талош барои пешгирӣ аз содироти нафти Эрон ба маънии фишори дучандон ба мардуми Эрон аст.

Раиси ҷумҳур бо ишора ба дастовардҳои бадаст омада дар ҳудуди 5 соли гузашта дар заминаи тавлиди бензин, газ ва газоил, густариш ва беҳбуди хадамоти беҳдоштӣ ва дармонӣ ба мардум, гардишгарӣ, транзит, фазои маҷозӣ ва монанди онҳо изҳор дошт: Фишор ба равобити бонкӣ ва бимаӣ ва содироти нафти Эрон яъне фишор бар руи давом ва тавсеъаи ин муваффақиятҳо ва фишору тавтеъае, ки имрӯз тарроҳӣ шуда фишор ва тавтеъа бар зидди тавсеъа ва рифоҳи миллати Эрон аст.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар садри як ҳайъати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ба даъвати расмии раиси ҷумҳури Швейтсария асри душанбе вориди ин кишвар шуд.

Раиси ҷумҳури Эрон пас аз Швейтсария барои машварат бо масъулони австрияӣ вориди Вена хоҳад шуд.

 

Барчасп