Июл 03, 2018 13:47 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрон ба иддаои Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи қочоқи инсон

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ бо мавзӯи қочоқи инсон, бори дигар иттиҳомоти беасос ва ғайривоқеиро алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон матраҳ кардааст.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар вокуниш ба ин иддаосозӣ изҳор дошт: “Давлати Амрико аз тариқи ин иқдомот талош мекунад афкори умумии ҷаҳонро аз сиёсатҳои мудохилаҷӯёна ва бесуботкунандаи худ, ки ба сурати ҷиддӣ дар сатҳи ҷаҳон, ба вижа дар ғарби Осиё ва Африқо заминаи шаклгирӣ ва густариши шабакаҳои табаҳкори созмонёфтаи қочоқи инсон фароҳам карда, мунҳариф кунад”.

Дар гузориши солонаи “Қочоқи инсон” –и Амрико (соли 2018), Вашингтон Теҳронро дар канори Кореяи Шимолӣ, Непал, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ, Яман ва чанд кишвари дигар дар сатҳи севум, яъне пойинтарин сатҳи раддабандии муборизаи кишварҳо бо қочоқи инсон қарор додааст.

Дар бахше аз ин гузориш иддао шудааст, давлати Эрон ҳаддиақал стандартҳои аз байн бурдани қочоқи инсонро риоят накарда ва талоши қобили таваҷҷуҳе ҳам барои ин кор анҷом намедиҳад. Ба ҳамин далел Эрон дар сатҳи севум боқӣ монд.

Иттиҳомоти беасоси Амрико алайҳи Эрон дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси омӯзаҳои исломӣ аз яке аз мутараққитарин қонунҳои асосӣ ва қабулшуда дар заминаи ҳимоят аз шаън ва каромати инсон бархурдор аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки аз солҳо пеш барои мубориза бо қочоқи инсон қонунҳоеро ба тасвиб расондааст.

Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон пешгирӣ аз ҷурмро дар асли 156 ба таври ошкор мавриди таъкид қарор додааст, ки баёнгари аҳамият додан ба ин масъала ва муҳим будани муқобила бо ин гуна ҷароим аст.  

Эрон бо тасвиби қонуни мубориза бо қочоқи инсон, иқдомоти ҷиддиро барои мубориза бо ин падидаи зиддибашарӣ ва ҳамсӯӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин замина оғоз кардааст. Дар ин росто, ҳимояти Эрон аз паноҳандагон ва таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи инсонии инҳо, ба вижа аз атбои кишвари Афғонистон борҳо мавриди тақдиру ташаккури ниҳодҳои мустақили аврупоӣ ва Созмони Милал қарор гирифтааст.

Сивонко Донополо, намояндаи комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд: “Ҷумҳурии исломии Эрон бо рӯҳияи сулҳталабӣ ва инсондӯстии худ, ки баёнгари омӯзаҳои динӣ аст, ҳамеша фаротар аз муоҳидоти байналмилалӣ дар хидмати паноҳҷӯён будааст”.

Бетардид қочоқи инсон яке аз падидаҳои таассуфбарангез дар сатҳи байналмилалӣ аст ва бояд бо он муқобила кард. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо нишон медиҳад, мақсади ниҳоии ниме аз ҳудуди 3 миллион мавриди қочоқи инсон Амрико ва Аврупо аст.

Таҳқиқоти Маркази миллии мутолеаи қочоқи инсон, ки вазифаи мубориза алайҳи қочоқи инсонро ба ӯҳда дорад, низ ин мавзӯро таъйид кардааст.

Аммо ҳадафе, ки Амрико бо интишори ин гуна гузоришҳо дунбол мекунад, фазосозӣ алайҳи кишварҳост ва Эрон дар маркази ин сиёсати таблиғотӣ ва илқоии Амрико қарор гирифтааст.

Он гуна ки Баҳроми Қосимӣ изҳор доштааст, иқдомҳои якҷониба, аз ҷумла рутбабандии кишварҳо дар мавзӯи ҷароими созмонёфтае монанди қочоқи инсон ва таҳияи гузоришҳои муғризона алайҳи кишварҳои мустақил на танҳо бо муқаррарот ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал дар таноқуз аст, балки талошҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии давлатҳоро дар мубориза бо ин ҷароим тазъиф мекунад ва аз ин ҷиҳат давлати Амрико бояд посухгӯи иқдомоти худ бошад.

Бетардид сарманшаи қочоқи инсонро бояд дар сиёсатҳои якҷонибагароёна, ҷангҳои фарсоишӣ, поксозии нажодӣ ва терроризм донист, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар аксари онҳо дахолат доранд.