Июл 04, 2018 12:38 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Миллати Эрон ҳеҷгоҳ дар баробари зӯр ва таҳқир таслим намешавад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбешаб дар ҷамъи эрониёни муқими Утриш (Австрия) дар Вена бо таъкид бар ин ки миллати Эрон ҳеҷгоҳ дар баробари зӯр ва таҳқир таслим намешавад, хотирнишон кард, дар тӯли таърих ҳар таҷовузе ба ҳуқуқи миллати Эрон маҳкум ба шикаст будааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом ишора карда гуфт, барои ҳама равшан аст, ки Эрон ба таври комил ба тааҳҳудоташ вафодор буда ва ин Амрикост, ки бо қулдурмаобӣ дар ин замина рафтор мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор дошт, албатта ин рафтори қулдурмаобона танҳо дар баробари Эрон нест ва шомили аврупоиҳо, кишварҳои Гурӯҳи 7, Чин ва дигар кишварҳо низ мешавад.

Рӯҳонӣ бо ишора ба ин ки имрӯз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои амният, Иттиҳоди Аврупо ва бештари кишварҳо ва миллатҳои ҷаҳон дар канори ҷумҳурии исломӣ истодаанд, афзуд, ин вазъият тақобули Амрико бо Эронро бисёр пурҳазина хоҳад кард.

Ба гуфтаи Рӯҳонӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон низ мусаммам аст ҳамчун ҳамеша тавтеаҳои амрикоиҳоро нақш бар об кунад. Зеро мавозеи онҳо ғайримантиқӣ, ғайриқонунӣ, золимона ва бар хилофи тааҳҳудоти байналмилалӣ ва мусавваботи Шӯрои амнияти Созмони Милал аст.

Рӯҳонӣ изҳор дошт: "Амрикоиҳо иддао мекунанд, ки мехоҳанд пулҳои иртиботии Эрон бо ҷаҳонро қатъ кунанд, аммо ҳаргиз нахоҳанд тавонист ба ин ҳадаф бирасанд, онҳо қудрати мутлақи олам нестанд".

Рӯҳонӣ бо ишора ба ин ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ то кунун дар 11 гузориш пойбандии Эрон ба БарҶомро таъйид кардааст, гуфт, имрӯз бештари кишварҳо эълом кардаанд, ки робитаи тиҷории худро бо Эрон ҳифз хоҳанд кард ва дар забон ва амал, бо иқдоми Амрико дар хуруҷ аз БарҶом ва талош барои бозгардонидани таҳримҳо ҳамроҳӣ накардаанд.

 

Барчасп