Июл 06, 2018 17:22 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Таъмини хостаҳои Эрон барои идомаи ҳамкорӣ дар БАРҶОМ зарурӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Эмануэл Макрон раиси ҷумҳурии Фаронса бо ишора ба баррасии бастаи пешниҳодии се кишвари аврупоӣ дар бораи БАРҶОМ аз сӯи Эрон, бар зарурати таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба нукоти мадди назар ва таъмини хостаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон барои идомаи раванди ҳамкориҳо дар нишасти рӯзи ҷумъаи вазирони хориҷаи Эрон ва 4+1 дар Вена, таъкид кард.

Ҳасани Руҳонӣ, талоши Фаронса дар раванди ҳифзи БАРҶОМ дар моҳҳои гузаштаро мусбат донист ва гуфт: Бастаи пешниҳодии Аврупо дар бораи идомаи раванди ҳамкориҳо дар БАРҶОМ дарбаргирандаи ҳамаи хостаҳои мо нест ва умедворем раванди музокироти Вена, битавонад хостаҳои Эронро барои идомаи ҳамкорӣ дар БАРҶОМ таъмин кунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба фаъолиятҳои иқтисодӣ ва равобити банкӣ ва мушкилоти бавуҷудомада барои бархе ширкатҳои аврупоӣ дар пружаҳои Эрон, ба воситаи хуруҷи якҷонбаи Амрико аз БАРҶОМ, тасреҳ кард, интизори Эрон аз Аврупо ироаи як барномаи амалиётии равшан ва дорои замонбандӣ аст то битавонад нақше ҷубронкунанда дар баробари хуруҷи Амрико дошта бошад.

Макрон низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба иродаи Фаронса барои пойбандӣ ба тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ, бар зарурати талош барои идомаи ҳамкориҳо ва гуфтугӯҳои ду тараф барои тадовуми ин тавофуқи муҳим таъкид кард.

Раиси ҷумҳурии Фаронса бо баёни инки Аврупо барои ҳифзи БАРҶОМ ба талошҳои худ идома медиҳад, афзуд: Нишасти рӯзи ҷумъаи вазирони хориҷаи Эрон ва 4+1 дар Вена метавонад тавозуни хубе миёни мавзӯъҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ барои идомаӣ равандӣ ҳамкорӣ эҷод кунад.

 

Барчасп