Июл 06, 2018 20:34 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҷанги тиҷории Амрико бо Чин

Чин дар вокуниш ба таъруфаҳои ҷадиди Амрико зидди Пекин эълом кард, Амрико бузургтарин ҷанги тиҷориро дар таърихи иқтисодӣ оғоз кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико бо ҷорӣ кардани таъруфаҳои гумрукии ҷадид, аз имрӯз ҷанги тиҷорӣ бо Чинро оғоз кард.

Таърифаҳои Амрико барои воридоти колоҳои чинӣ, ки бо вуҷуди нигарониҳои тоҷирон ва сармоягузорон аз бомдоди рӯзи ҷумъа иҷроӣ шуд, оғози ҷанги тиҷории Доналд Трамп бо Чин маҳсуб мешавад.

Чин ҳамчунин аз ҷорӣ кардани таъруфаҳои гумрукӣ бар воридоти колоҳои амрикоӣ хабар дод.

Пас аз онки Трамп барои ҳудуди 34 миллиард доллар таъруфаи гумрукӣ барои мошинолот, васоили электироникӣ ва таҷҳизоти фанноварии пешрафтаи чинӣ вазъ кард, Пекин низ дар садад баромад то иқдоме ҷавобӣ анҷом диҳад.

Давлати Доналд Трамп дар марти гузашта таъруфаи гумрукӣ барои воридоти маҳсулоти алюминий ва фулод аз тамоми кишварҳо ба ҷуз Канада ва Мексикаро ба тартиб 10 ва 25 дарсад афзоиш додааст.