Июл 13, 2018 16:47 Asia/Dushanbe
  • Супурдани доварии бозии радабандии Ҷоми ҷаҳонӣ ба доварони эронӣ

Кумитаи доварони Федератсияи ҷаҳонии футбол - FIFA доварии дидори радабандии Ҷоми ҷаҳонии 2018-и Русияро ба тими доварии Ҷумҳурии Исломии Эрон супурд.

Ба гузориши ИРНА, Кумитаи доварони Федератсияи ҷаҳонии футбол - FIFA эълом кард, Алиризо Фағонӣ довари матраҳи эронӣ, дидори радабандии Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия байни тимҳои Англия ва Белгияро доварӣ хоҳад кард.

Алиризо Сухандон ва Муҳаммадризо Мансурӣ аз Эрон, кумакҳои Фағонӣ дар ин бозӣ хоҳанд буд.

Дидори радабандии Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, 14 июл баргузор хоҳад шуд.

Тими доварии Эрон, пеш аз ин дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 доварии дидорҳои Олмон – Мексика, Бразилия - Сербистон ва Фаронса - Аргентинаро бар уҳда дошт.

Ҳамчунин доварии дидори финалим Ҷоми ҷаҳонӣ байни тимҳои Хорватия ва Фаронсаро, ки якшанбе 15 июл баргузор хоҳад шуд, Нестор Питана аз Аргентина бар уҳда хоҳад дошт.

 

Барчасп