Мақоми муаззами раҳбарӣ: Давлат метавонад тавтеаҳои Амрикоро ноком бигузорад
(last modified Sun, 15 Jul 2018 13:29:18 GMT )
Июл 15, 2018 18:29 Asia/Dushanbe
  • Мақоми муаззами раҳбарӣ: Давлат метавонад тавтеаҳои Амрикоро ноком бигузорад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Давлати Эрон ба шарти анҷоми иқдомоти лозим, хоҳад тавонист бар мушкилот фоиқ ояд ва тавтеаҳои Амрикоро ноком бигузорад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар нишасте, ки бо даъвати эшон аз раисҷумҳур ва аъзои ҳайъати давлати ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд, бо муқтадирона тавсиф кардани мавозеи раисҷумҳури Эрон дар Аврупо, афзуданд: Нишон додани иқтидор дар муқобили бегонагон бавижа амрикоиҳо амре лозим аст ва ин кор бояд баҳангом, сареҳ ва қотеъ анҷом шавад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар дунбол кардани ҷиддии корҳо бо истифода аз имконот ва тавоноиҳои кишвар афзуданд: Тарафҳои аврупоӣ муваззафанд, тазминҳои лозимро дар хусуси БАРҶОМ бидиҳанд, аммо набояд иқтисоди кишвар ба ин мавзуъ гиреҳ зада ва маътали он шавад.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар лузуми густариши рӯзафзуни дипломатия ва иртибототи хориҷӣ афзуданд: Ба ҷуз мавориди маъдуде ҳамчун Амрико, равобит кишвар бо шарқ ва ғарб бояд ҳарчи бештар тақвият шавад ва таҳарруки амалиётӣ ва ҳадафманди дипломатия афзоиш ёбад.

Эшон таҳияи нақшаи роҳи иқтисодии босубот барои кишварро лозим донистанд ва афзуданд: Агар нақшаи роҳи иқтисод таҳия шавад, мардум ва фаъолони иқтисодӣ таклифи худро хоҳанд донист ва бо эҳсоси субот ва оромиш ба кумаки давлат хоҳанд шитофт.