Июл 29, 2018 19:40 Asia/Dushanbe
  • Фалоҳатпеша: Ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии Сурия роҳбурди минтақаии Эрон аст

Раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии Сурияро роҳбурди минтақаии ҷумҳурии исломӣ донист.  

Ҳишматуллоҳи Фалоҳатпеша, раиси Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидори Аднон Маҳмуд, сафири Сурия дар Теҳрон бо ишора ба пирӯзиҳои майдонӣ дар Сурия гуфт: Равобити ҷумҳурии исломии Эрон ва Сурия, робитае стратегӣ аст.

Вай таъкид кард: Режими саҳюнистӣ ба дунболи Сурияи заиф аст ва бо ҳар ончи, ки боиси тақвияти миллат ва давлати Сурия шавад, муқобила мекунад.

 

Барчасп