Сентябр 06, 2016 20:55 Asia/Dushanbe
  • Англия аз қатъи робита бо Эрон то бозгашти дубораи сафирон

Дар пайи муҳаққақ шудани шароит барои иртиқои равобити Эрон ва Англия, ду кишвар тасмим гирифтанд, сафирони худро дар Теҳрон ва Лондон мустақар кунанд.

Дар иҷрои ин тасмим сафирони ҷадиди Эрон ва Англия, рӯнавишти устуворномаҳои худро ба вазирони умури хориҷаи ду кишвар тақдим карданд.

Ҳамиди Баидинажод, сафири ҷадиди Эрон дар Лондон ва Николос Ҳоптон, сафири ҷадиди Англия дар Теҳрон, рӯз душанбе ба таври ҳамзамон дар вазорати умури хориҷаи ду кишвар ҳузур ёфтанд ва бо таслими рӯнавишти Устуворномаи худ, бо вазирони умури хориҷаи Англия ва Эрон дидор карданд.

Аммо ин иртиқои равобит оё метавонад нуқтаи поёне бар танишҳои ду кишвар бошад?

Баҳроми Қосимӣ- сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар хусуси сатҳи равобити Теҳрон бо Лондон гуфт, барқарории муҷаддади равобит дар ҳадди сафир ба маънои ҳалли мушкилот ва ихтилофи дидгоҳҳои ду тараф нест.

Равобити Эрон ва Англия дар соли 2011 пас аз вуруди шуморе аз мӯътаризон ба мудохилоти Англия дар Эрон ба сафоратхонаи ин кишвар дар Теҳрон, қатъ шуд, аммо аз ҳудуди як сол қабл равобит дар сатҳи кордор барқарор гардид. Давлати Лондон аз чанд моҳ қабл хостори эъзоми сафир ба Эрон ва барқарории муҷаддади равобит дар сатҳи сафир шуда буд. Дар пайи музокироти мақомоти Эрон ва Англия дар ин бора, Эрон дар посух ба дархостҳои мукаррар ва исрори Лондон бар бозгашти сафирон, мувофиқати худро бо пешниҳоди мубодилаи сафир эълом кард.

Фарозу фуруд дар равобити Эрон ва Англия, собиқае тулонӣ дорад. Дар воқеъ ихтилофоти ду кишвар аз замоне, ки Биритониё дар ҳамсоягии ҷуғрофиёӣ ва сиёсии Эрон дар қарни нуздаҳум вориди минтақа гардид, шуру шуд. Англия дар гузашта ва дар чорчӯби манофеи истеъмории худ ҳеҷгоҳ нигоҳи созанда ва эътимодсозе ба Эрон надошт ва барои эрониён хотироти талхе бар ҷо гузорад.

Рафтори Англия дар мухолифат бо миллӣ кардани санъати нафти Эрон ва иқдом ба кудатои нангини соли 1953 алайҳи давлати қонунии Эрон -давлати Мусаддиқ ва бозиҳои сиёсӣ дар даврони пас аз кудато аз ҷараёнҳое аст, ки сабаби амиқтар шудани нуфузи сиёсии Англия дар Эрон шуда буд. Англия бо тарфандҳои мухталиф ва бо шиори деринаи истеъмории худ, яъне " тафриқа биндоз ва ҳукумат кун ", борҳо ба ҳуқуқи миллати Эрон таарруз кард. Ин таарруз дар зоҳир маътуф ба санъати нафти Эрон буд, аммо таҳаррукот Англия дар ниҳон бо иқдомоте аз навъи таҳрикоти таҷзиятолибона дар ҷануби Эрон думбол мешуд.

Акнун бо вуҷуди эҳсоси нохушоянде, ки аз гузашта ва сиёсатҳои истеъморӣ ва истисмории қуруни гузаштаи Англия вуҷуд дорад, муносиботи ду кишвар дар чорчӯби равобити байналмилалии мубтанӣ бар равобити қонунманд дар асри муносиботи дипломатӣ аст.

Равобити Эрон ва Англия, дар воқеъ ҳамчунон таҳти таъсири зеҳнияте аст, ки аз гузашта вуҷуд дорад.

Дар силсила воқеаҳо пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ, дар даврони ҷанги таҳмилӣ, Англия аз Садом ҳимоят кард ва дар қазияи Салмони Рушдӣ- нависандаи китоби "оёт шайтонӣ", ки эҳсосоти беш аз як миллиард мусулмонро ҷариҳадор кард; Лондон моҳияти худро ошкортар сохт. Ин раванд бо ифшои мудохилоти сафорати Англия дар фитна 88( ошӯбҳои хиёбонии муҳандисӣ шуда пас аз интихоботи даҳумин давраи риёсатҷумҳурӣ ) захмҳои бештаре бар равобити ду кишвар ворид кард.

Ин захмҳо шояд ҳаргиз тармим нашванд. Акнун рафтори Англия дар қиболи Эрон ба шиддат зери зарабин ва нақди афкори умумӣ дар Эрон аст. Танишҳое, ки дар чанд мақтаъ пас аз пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон, дар равобити ду кишвар ба вуҷуд омад ва ба қатъи равобит мунҷар шуд, нишон медиҳад, ки муносиботи ду кишвар ба гузашти замон ниёз дорад ва ҳанӯз наметавонд худро бо шароити тозае татбиқ диҳад.