Август 06, 2018 19:25 Asia/Dushanbe
  • Трамп, Муҳаммад бен Салмон ва Нетаняҳу намоди ҳақкушӣ дар ҷаҳон

Вазири хориҷаи Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро намоди хушунат, ҳақкушӣ, саркуб ва беэътимодӣ дар ҷаҳон муаррифӣ кард.  

Муҳаммадҷаводи Зариф афзуд, имрӯз ҳама дар ҷаҳон, аз инзивои Трамп, Нетаняҳу ва Бен Салмон суҳбат мекунанд, ки иллати он пойбанд набудан ба қарордодҳои байналмилалӣ, нақзи ҳуқуқи мардуми Фаластин ва сиёсатҳои эронҳаросӣ дар ҷаҳон аст.

Зариф бо ишора ба пешниҳоди амрикоиҳо мабнӣ бар музокира бо Эрон афзуд: Амрикоиҳо БАРҶОМ-ро, ки Шӯрои амният ва аксари кишварҳои ҷаҳон онро қабул доранд, нодида мегиранд.  

 

Барчасп