Иқдомоти хасмонаи Амрико зидди Эрон муғойири қавонини байналмилалӣ аст
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ташкили "коргурӯҳи иқдоми Эрон" аз сӯи Амрикоро дар ростои сиёсатҳои хасмонаи ин кишвар ва муғойири қавонини байналмилалӣ донист.
Баҳроми Қосимӣ гуфт: Рафтору иқдомоти ин кишвар муғойир бо ҳама мавозини шинохташудаи байналмилалӣ аст.
Қосимӣ гуфт, ингуна иқдомот роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.
Вай дар бораи талоши аврупоиҳо барои ироаи бастаи иқтисодӣ ва ҳузури ширкатҳои аврупоӣ дар Эрон гуфт: Мавозеи сиёсии Иттиҳодияи Аврупо бисёр равшан аст.
Ба гуфтаи вай, дар мавриди Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам Русия ва Чин ба унвони ду узви дигари тарафи БАРҶОМ пас аз хуруҷи Амрико, ҳамкориҳои иқтисодии ба истилоҳ "бастаи иқтисодӣ" пешрафтҳое доштааст.
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар ин ҳол бо баёни инки ризояти комил аз суръати раванди кор вуҷуд надорад, таъкид кард: Кишварҳои аврупоӣ бо ҷидияти бештар ва суръати амали лозим дар ин хусус талоши худро идома диҳанд.
Қосимӣ дар посух ба саволи хабарнигори бурунмарзӣ дар бораи изҳороти Ангела Меркел, садриаъзами Олмон мабнӣ бар тамоюли ин кишвар бар ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ ва нигарониҳои ҳамзамони он кишвар бо тавсеаи барномаи мушакии Эрон гуфт: Садриаъзами Олмон назари худашро гуфтааст ва кишварҳои музокиракунанда бо Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ ба ҷудо будани баҳси барномаи мушакӣ ва БАРҶОМ воқиф буда ва ҳастанд.
Вай тасреҳ кард: Садриаъзами Олмон ва мушовиронаш бояд воқиф бошанд, ки БАРҶОМ ва барномаи мушакии Эрон ду мавзуи ҷудо ҳастанд.
Вай афзуд, ин ду мавзуъ иртиботе бо ҳам надоранд ва барнома мушакии Эрон ғайри қобили музокира аст.