Август 22, 2018 16:49 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози иди Қурбон дар саросари Эрон

Намози иди саиди Қурбон бо ҳузури густардаи мардум ҳамзамон дар Теҳрон ва саросари Эрони исломӣ иқома шуд.  

Имрӯз даҳуми зилҳаҷаи соли 1439 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 22 августи 2018 иди Қурбон ё иди Азҳо аз аъёди бузурги мусулмонон аст.  

Намози иди саиди Қурбон дар Теҳрон ба имомати Оятуллоҳ Аҳмади Хотамӣ, имомҷумъаи муваққати Теҳрон ва бо ҳузури пуршӯри мардуми пойтахти Эрон дар мусаллои имом Хумайнӣ (р) иқома шуд.