Август 28, 2018 10:56 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Хуросони Ҷанубӣ ва Фароҳ

Тафоҳумномаи ҳамкории муштараке дар заминаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ рӯзи душанбе байни устондори Хуросони Ҷанубии Эрон ва волии Фароҳи Афғонистон дар Бирҷанд имзо шуд.

Ба гузориши ИРНА, густариши равобит дар заминаҳои иқтисодӣ, гардишгарӣ, дармон, арзаи маҳсулоти фанноварии иттилоот ва иртиботот, афзоиши соати кории гумрукот ва баҳрагирии бештар аз зарфияти транзит ва ҳамлу нақли коло байни Эрону Афғонистон аз бандҳои ин тафоҳумномаи ҳамкорӣ аст. Баргузории барномаҳо ва муносибатҳои фарҳангии муштарак, тавсеаи равобити байни шаҳрдориҳои Бирҷанд ва Фароҳ, табодулу интиқоли дониши фаннӣ ва таҷрибиёти илмию омӯзишӣ дар бахшҳои мухталиф низ аз дигар бахшҳои ин тафоҳумнома аст.

Муҳаммадмаҳдӣ Мураввиҷи Ашшариа, устондори Хуросони Ҷанубии Эрон пас аз имзои ин тафоҳумномаи ҳамкорӣ гуфт, дастгоҳҳои давлатии мустақар дар марзи Эрону Афғонистон, аз ҷумла гумрук, ҳамлу нақл, гузарнома ва ҳамчунин нерӯҳои амниятӣ бо тасҳили шароит барои мубодилоти иқтисодӣ ба тавсеаи тиҷорати ду кишвар кумак хоҳанд кард. Мураввиҷи Ашшариа афзуд, Эрону Афғонистон илова бар масоили иқтисодӣ метавонанд ҳамкории худро дар заминаҳои илмӣ, фарҳангӣ, донишгоҳӣ ва гардишгарӣ низ густариш диҳанд. Абдулбасир Солангӣ, волии Фароҳи Афғонистон низ пас аз имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо устони Хуросони Ҷанубӣ зимни ишора ба боздид аз зарфиятҳои ин устони шарқии Эрон гуфт, ин зарфиятҳо дар густариши равобити бозаргонӣ байни Эрону Афғонистон муассир хоҳад буд.