Хушрӯ аз таҳвили як лавҳи бостонии эронӣ аз додситонии Ню-Йорк хабар дод
(last modified 2018-09-05T05:57:29+00:00 )
Сентябр 05, 2018 10:57 Asia/Dushanbe
  • Хушрӯ аз таҳвили як лавҳи бостонии эронӣ аз додситонии Ню-Йорк хабар дод

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид шаби сешанбе аз бозгардонида шудани лавҳи бостонии эронии дуздидашуда аз додситони Ню-Йорк ба Эрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломалӣ Хушрӯ дар гуфтугӯ бо хабарнигорони эронӣ хотирнишон кард, ин лавҳи бостонӣ 90 сол пеш дар Эрон кашф ва пас аз чанд сол аз Эрон хориҷ шуд. Намояндаи Эрон дар Созмони Милал тасреҳ кард, бо пайгириҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳангоме ки сол гузашта ин асари таърихӣ дар яке аз арзонфурӯшиҳои Ню-Йорк ба фурӯш гузошта шуд, шикояте танзим ва исбот шуд, ки ин лавҳи бостонӣ мутааллиқ ба Эрон аст.

Хушрӯ хотирнишон кард, додситонии Ню-Йорк рӯзи сешанбе ин лавҳи бостониро таҳвили намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал дод.