Сентябр 11, 2018 14:16 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Теҳрон ва Маскав - муқобила бо иқдомоти хасмона ва таҳримҳои Амрико

Маскав моил аст то равобити худ бо Эронро, ба вижа дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ беш аз пеш тақвият кунад.

Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе бо интишори баёнияе эълом кард, дар чорчӯби музокироти Сергей Рябоков, муовини вазири хориҷаи Русия бо Аббоси Ироқчӣ, муовини умури сиёсии вазири хориҷаи Эрон дар Теҳрон, Русия ва Эрон дар хусуси тазмини идомаи раванди тиҷорати дуҷониба ба манзури муқобила бо иқдомоти хасмона ва таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон тавофуқ карданд.

Бино бар эъломи Вазорати хориҷаи Русия, тарафи русӣ дар ин дидор бар тааҳҳуди Маскав ба тавофуқи ҳастаии Эрон, ба вижа бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин воқеият, ки Эрон ба тааҳҳудоти худ дар мавриди ин тавофуқ пойбанд буда, таъкид кард.

Ҳамкориҳои Эрон ва Русия бахши густурдае аз мавзӯоте назири ҳавзаҳои энержӣ, сохти нерӯгоҳ, гардишгарӣ, ҳамлу нақл ва киштирониро шомил мешавад. Ин ҳамкориҳо дар тавсеаи муносиботи иқтисодии ду кишвар таъсироти муҳиме доштааст.

Дар ин росто иддаоҳое монанди ташкили иттиҳоди тиҷорӣ байни Эрон ва Русия матраҳ шудааст, ки аз сӯйи утоқи бозаргонӣ ва санъати Русия ва Шӯрои тиҷории Эрон – Русия дунбол мешавад.

Тавофуқи рӯзҳои гузаштаи ду тараф дар Теҳрон низ баёнгари навъе аз пайвастагии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар таомулоти дуҷониба ва ҳамкориҳои роҳбурдӣ миёни Эрон ва Русия аст. Ҷанбаи муҳими тавофуқи Эрон ва Русия - ҳамгароӣ дар ҷиҳати муқобила бо таҳримҳои Амрико дар равобити иқтисодӣ –тиҷории ду кишвар аст.

Абдуррасули Девсолор, коршиноси масоили Русия муътақид аст, шиддати рақобатҳои минтақаӣ ва сиёсатҳои чолишофарини Амрико ва бархе қудратҳои аврупоӣ, аҳамияти бештаре ба равобити Эрон ва Русия додааст.

Таҳлилгарони масоили иқтисоди муътақиданд, бо зарфиятҳое, ки дар равобити Эрон ва Русия эҷод шудааст, ба зудӣ метавон шоҳиди робитаи босубот ва амиқтаре байни ду кишвар буд. Акнун замони баҳра гирифтан аз зарфиятҳо фаро расидааст.

Муртазо Хонсорӣ, коршиноси масоили байналмилалӣ муътақид аст,Эрон ва Русия бо бархурдорӣ аз захоири азими энержӣ дар ҳавзаи нафту газ, метавонанд бахши қобили мулоҳизае аз мудирият ва амнияти энержӣ дар ҷаҳонро ба худ ихтисос диҳанд ва ҷаҳонро ба самти низоми дуқутбии мавриди ҳимояти аксари кишварҳо ҳидоят кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб ҷумъашаб дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва ҳайати ҳамроҳ дар Теҳрон, таҳрими Эрон, Русия ва Туркия аз ҷониби Амрикоро як нуқтаи иштироки бисёр қавӣ барои густариши ҳамкориҳо донистанд ва гуфтанд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия бояд зимни густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, тавофуқҳои анҷомгирифта дар нишасти Теҳронро бо ҷиддият пайгирӣ кунанд.

Эшон ҳамчунин бар анҷоми мубодилот ва муомилоти иқтисодии хориҷ аз чорчӯби доллар таъкид карданд.

Путин низ дар ин дидор изҳор дошт, амрикоиҳо бо эҷоди маҳдудият дар табодулоти мол, дар ҳоли анҷоми як иштибоҳи роҳбурдӣ ҳастанд, зеро ба қимати як муваффақияти сиёсӣ ва кӯтоҳмуддат, муҷиби беэътимодӣ ба доллар дар фазои ҷаҳонӣ ва тазъифи он хоҳанд шуд.

Маҷмӯаи ин мавзӯҳо нишон медиҳад, ки муносиботи Эрон ва Русия дар ҳавзаи масоили иқтисодӣ дар баробари ҳамгароиҳои сиёсӣ рушд ёфтааст. Ин раванд метавонад ба бистари муносибе барои тақвияти равобити ду кишвар табдил шавад.