Сентябр 23, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сипоҳи посдорон бар гирифтани интиқоми сахт аз террористҳо

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо таслият ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои шаҳидони ҳамлаи террористӣ дар Аҳвози Эрон таъкид кард: Дар ояндаи наздик террористҳо бо интиқоме муҳлик ва фаромушнашуданӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард: Ҷинояти террористии муздурони истикбори ҷаҳонӣ ва иртиҷои минтақа дар Аҳвоз нишон дод, душманони қасамхурдаи Эрон ба вижа мусалласи шайтонии ғарбӣ, ибрӣ ва арабӣ, дар душманӣ бо мардуми Эрон аз ҳеч талоше фуругузор нестанд ва ҳатто ҳозиранд, занон , кӯдакон ва мардуми бегуноҳро низ омоҷи иқдомоти террористӣ қарор диҳанд .

Баёния меафзояд: Иртикоби ҷиноёти террористӣ, хилале дар азму иродаи содиқ ва росихи низому миллати Эрон дар пайбандӣ ба ормонҳои олии инқилоби исломӣ ва тадовуми масири шарофатмандона, иззатмандонаи онон нахоҳад дошт .

 

Барчасп