Бузургдошти рӯзи Мавлавӣ дар Эрон
(last modified Sun, 30 Sep 2018 06:13:04 GMT )
Сентябр 30, 2018 11:13 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти рӯзи Мавлавӣ дар Эрон

Ҳаштуми меҳр баробар бо 30 сентябр дар тақвими расмии Эрон ба унвони «Рӯзи бузургдошти Мавлавӣ» сабт шудааст.

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Мавлавӣ, Мавлоно ва Румӣ дар шашуми рабеъулаввали соли 604 ҳиҷрӣ дар шаҳри Балх дида ба ҷаҳон гушуд. Мавлавӣ аз машҳуртарин шоирони эронитабори порсигӯй аст. Номи комили вай Муҳаммад ибни Муҳаммади Бакри Балхӣ буда ва дар даврони ҳаёт ба лақабҳои Ҷалолуддин, Худовандгор ва Мавлоно Худовандгор маъруф будааст.

Баъзе аз ашъораш нишон медиҳад, ки Мавлавӣ дар шеър «Хомӯш», «Хамуш» ва «Хомуш» тахаллус мекардааст.

Мавлавӣ, ки солҳо мударриси улуми динӣ буд ва беш аз чаҳорсад шогирд тарбият карда буд, дар тамоми даврони ҳаёт як лаҳза аз тарбияти худ ғофил нашуд, аммо пас аз ошноӣ бо Шамси Табрезӣ, ки аз орифони бузурги давронаш буд, ҳоли Мавлоно тағйир ёфт ва дарсу баҳсро канор гузошт ва таваллуди дубора ёфт.

Ҳарчанд ки Мавлавӣ дар зиндагии шастуҳаштсолаи худ бо бузургоне ҳамчун Муҳаққиқи Тирмизӣ, Шайх Аттор ва Муҳйиддини Арабӣ иртибототе дошта ва аз ҳар кадом тӯшае барандухта, вале ҳеҷ кадом аз онҳо мисли Шамси Табрезӣ дар зиндагиаш таъсиргузор набудаанд.

Маснавии маънавӣ, Ғазалёти Шамс ва Фиҳӣ мо фиҳӣ аз маъруфтарин осори Мавлавӣ аст.

Билохира руҳи ноороми Ҷалолуддин Муҳаммад Мавлавӣ дар ғуруби хуршеди рӯзи якшанбе панҷуми ҷамодиюлохири соли 672 ҳиҷрии қамарӣ бар асари бемории ногаҳонӣ, ки табибон аз дармони он оҷиз монданд, ба диёри боқӣ шитофт.