Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Миллати Эрон бар тамоми таҳримҳо ва тавтиаҳо пирӯз хоҳад шуд
(last modified Fri, 12 Oct 2018 12:07:23 GMT )
Октябр 12, 2018 17:07 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Миллати Эрон бар тамоми таҳримҳо ва тавтиаҳо пирӯз хоҳад шуд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Миллати Эрон бар тамоми таҳримҳо ва тавтиаҳои истикбори ҷаҳонӣ ва душманони Ислом ғолиб хоҳанд омад.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, бо баён инки кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон зарфиятҳои бузурге барои ҳалли мушкилот дорад, афзуд: Пирӯзӣ ва муваффақияти оянда барои миллати Эрон аст ва хоб ва тавтиаҳои душманон зидди миллати бузурги Эрон таъбир нахоҳад шуд ва онон орзуҳои худ барои тасаллут бар Эронро ба гӯр хоҳанд бурд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон, ба тавтиаҳои Амрико барои эҷоди мушкилоти иқтисодӣ ва норизоятӣ дар Эрон ишора кард ва гуфт: Ҳадафи Амрико эҷоди ихтилоф ва беэътимодӣ миёни миллат ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, аммо миллати Эрон ҳушёрона дар баробари ин тавтиаҳо истодааст ва душманонро ноком хоҳад гузошт.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо баён инки Амрико дар ҳеҷ замоне монанди имрӯз танҳо ва мунзавӣ набудааст, таъкид кард: Дунёи истикбор ҳамчун Амрико, саҳюнисми байналмилал ва баъзе аз ҳокимони мутакаббири арабӣ ва бардаи бегона дар минтақа бидонанд, ки ҳақ пирӯз аст ва ба зудӣ онон муҳокима ва расво хоҳанд шуд.