Таҳлили раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аҳдофи хасмонаи Амрико алайҳи Эрон
(last modified Mon, 15 Oct 2018 11:15:58 GMT )
Октябр 15, 2018 16:15 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аҳдофи хасмонаи Амрико алайҳи Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими оғози соли таҳсилии ҷадиди донишгоҳҳои Эрон, зимни шарҳи аҳдофи гардонандагони Кохи Сафед зидди ҷумҳурии исломӣ гуфт, амрикоиҳо бо ҳадафи ниҳоии машруиятзудоӣ аз низоми исломӣ, ибтидо бо ҷанги равонӣ шуруъ карданд ва дар идома вориди ҷанги иқтисодӣ бо Эрон шуданд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Амрико бо хуруҷ аз БарҶом аз назари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бо чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ шудааст ва шикаст хӯрдааст, изҳор дошт, миллати Эрон аз ҳамаи тавтеаҳои душманон бо ваҳдат, иттиҳод ва якпорчагӣ убур хоҳад кард.

Суханони раисҷумҳур дар таҳлили саранҷоми иқдомоти якҷонибаи Амрико ва аҳдшиканиаш дар БарҶом, сухане воқеъбинона аст.

Мақомҳои Амрико гуфтаанд, ки қасд доранд бо эъмоли таҳрим алайҳи ҳар ширкате, ки баъд аз 4 – уми ноябр ба ҳамкории тиҷорӣ бо Теҳрон идома диҳад, содироти нафти Эронро ба “сифр” бирасонанд, аммо давлати Амрико дар ин замина бо мавонеи зиёде рӯбарӯст.

Шабакаи хабарии Блумберг дар сармақолаи рӯзи ҷумъаи худ бо ишора ба ихтилофоти Доналд Трамп, раисҷмҳурии Амрико бо кишварҳои аврупоӣ навишт: “Амрико бидуни муттаҳидонаш наметавонад Эронро ба чолиш бикашад”.

Блумберг бо ишора ба талошҳои давлати Трамп барои қатъи иртибот Эрон бо сомонаи мавсум ба СВИФТ, онро “идаои бад” тавсиф кардааст.

Шабакаи СВИФТ (Ҷомеаи ҷаҳонии иртибототи молии байнибонкӣ) муомилоти молии ҷаҳониро осон мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки аъзои ҳайати мудираи ин шабакаро мудирони бонкҳои амрикоӣ ташкил медиҳанд, давлати Амрико фишорҳо барои қатъи дастрасии Эрон ба ин шабакаро сахттар кардааст.

Водор кардани СВИФТ ба қатъи робита бо Эрон дар он сурат мумкин аст, ки ин ниҳод аз қонунҳои Аврупо худдорӣ кунад.

Акнун таҳлилгарони байналмилалӣ ба ин масъала мепардозанд, ки чӣ тавофуқи ҳастаӣ бидуни Амрико побарҷо бимонад ва чӣ намонад, балое, ки бар сари Амрико меояд, бисёр бузургтар аз балое аст, ки мумкин аст бар сари тавофуқи ҳастаӣ (БарҶом ) биёяд.

Дан Глизбрук, коршиноси масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ дар гузорише таҳти унвони “Барои тадбири таваҳҳумолуди Трамп дар бораи нафти Эрон даҳҳо сол дер шудааст”, мегӯяд: “Иллати ҷунуни давлатмардони Амрико барои нобуд кардани Эрон возеҳ аст. Вуҷуди Эрон ба унвони як кишвари мустақил, ба худии худ контроли империалистӣ бар минтақаро таҳдид мекунад ва ин масъала ба навбати худ муҷиби тазъифи ҳам қудрати низомии Амрико ва ҳам нақши ҷаҳонии доллар мешавад”.

Акнун бахши муҳиме аз сиёсати Трамп дар қиболи Эрон, талош барои таъсиргузорӣ бар муҳити дохилӣ ва тазъифи иқтисоди Эрон, зери суол бурдани машруият, мақбулият ва коромадии низом ва маҳдуд кардани тавони дифоии кишвар дар ҳавзаи мушакӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар баёноте дар дидори ҷамъе аз хонаводаҳои шуҳадои мудофеи ҳарам ва шуҳадои марзбон гуфтанд: "...газофагӯиҳои раисҷумҳури Амрико мавзӯи ҷадиде нест, зеро низоми исломӣ аз ибтидо бо тавтеаҳои гуногуне мувоҷеҳ будааст ,аммо бадхоҳони миллати Эрон ҳеҷ ғалате натавонистаанд бикунанд”.

Эрон тайи солҳои гузашта тавонист таҳдидҳоро ба фурсат табдил кунад. Дар шароити кунунӣ, ки девори таҳримҳо шикоф бардошта ва миёни кишварҳои аврупоӣ бо Амрико дар бораи таҳрими Эрон ихтилофҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад, Эрон ба роҳатӣ метавонад бо барқарории шабакае аз равобит бо дигар кишварҳо ин таҳримҳоро низ пушти сар бигузорад.