Зариф: Амрико бо таҳрими Эрон ба аҳдофи худ намерасад
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, бо оғози даври дуввуми таҳримҳои Амрико зидди Эрон дар чаҳоруми ноябр, иттифоқи ҷадиде намеафтад ва Амрико ба аҳдофи худ дар таҳрим зидди Эрон нахоҳад расид.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки барои ширкат дар нишасти сеҷонибаи вазирони хориҷаи Эрон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба Истамбул сафар кардааст, рӯзи душанбе дар вуруд ба ин шаҳр гуфт, ҳадафҳои иқтисодӣ ва сиёсии Вашингтон дар таҳрими Эрон, муҳаққақ нахоҳад шуд.
Зариф ҳамчунин бо ишора ба созукори аврупоиҳо барои ҳамкорӣ бо Эрон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз асари таҳримҳои Амрико, ибрози умедворӣ кард, бо иҷрои ин созукорҳо байни Эрон ва Иттиҳоди Аврупо, Амрико бештар аз имрӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ, мунзавӣ шавад.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бора абъоди байналмилалии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд низ гуфт, давлати Туркия тавонист бо дироят ва бо бетарафӣ ва диққат, мавзӯро пайгирӣ ва абъоди мухталифи ин қатли фаҷеъро баррасӣ кунад ва Эрон умедвор аст, ки Анкара дар ин баррасӣ ба натиҷа иқатъӣ дар мавриди масъулон ва мусаббибони ин ҷиноят бирасад.
Зариф фардо сешанбе пеш аз нишасти сеҷонибаи Эрон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо вазирони умури хориҷаи Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба сурати дуҷониба низ дидор хоҳад кард.