Ноябр 05, 2018 12:29 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши донишҷӯёни эронӣ дар озмуни ҷаҳонии риёзӣ

Донишҷӯёни эронӣ дар нахустин давраи озмуни риёзии донишҷӯёни ҷаҳон ба 4 медал даст ёфтанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, тими Донишкадаи риёзии Донишгоҳи саноати Амиркабири Эрон дар нахустин давраи олимпиадаи донишҷӯии риёзӣ, ки аз 27-уми октябр то якуми ноябр дар Донишгоҳи Урганҷи Узбакистон баргузор шуд, 4 медали тило, нуқра ва биринҷӣ касб карданд.

Дар нахустин давраи озмуни донишҷӯии риёзии ҷаҳон аз тими Эрон Ваҳиди Шоҳурдӣ медали тило, Маҳдии Ҳақшинос, медали нуқра ва Сайида Фотимаи Арфаӣ ва Муҳаммади Исмоилӣ медали биринҷӣ дарёфт карданд.

Нахустин давраи олимпиадаи донишҷӯии риёзӣ бо ҳузури 57 тими ҳирфаӣ аз 20 кишвари ҷаҳон ва бо ҳузури 224 донишҷӯ дар Узбакистон баргузор шуд.

 

Барчасп