Ноябр 05, 2018 15:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Таҳрими Амрико зидди Эронро шикаст хоҳем дод

Раисҷумҳури Эрон эълом кард, Эрон бо ғурур таҳримҳои Амрикоро ба шикаст дучор хоҳад кард.

Ба гузориши шабакаи “Хабар”, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон имрӯз дар ҷаласаи муовинону мудирони Вазорати умури иқтисодӣ ва дороии Эрон гуфт, бояд ба амрикоиҳо фаҳмонд, ки бо забони зӯр, таҳдид ва таҳрим бо миллати бузурги Эрон ҳарф назананд, амрикоиҳо бояд барои ҳамеша танбеҳ шаванд ва бидонанд, ки бо қулдурмаобӣ наметавонанд дар баробари миллати Эрон истанд. Раисҷумҳури Эрон афзуд, Эрон нафти худро содир хоҳад кард ва ба таҳримҳои Амрико таваҷҷуҳе нахоҳад кард. Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид кард, коре, ки амрикоиҳо анҷом медиҳанд, сирфан фишор бар мардум, ширкатҳо ва давлатҳои дигар аст ва бояд бидонанд, ки танҳо Эрон нест, ки аз сиёсатҳои Амрико асабонӣ аст, балки давлатҳо ва ширкатҳои аврупоӣ ҳам аз сиёсатҳои Амрико асабонӣ ҳастанд. Ӯ гуфт, таърихи Амрико чунин беқонуниеро дар Кохи Сафед надидааст.

Раисҷумҳури Эрон ёдовар шуд: “Дар айёме, ки Ню-Йорк будам, раҳбарони чаҳор кишвари бузург восита шуданд, то заминаи дидори Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо раисҷумҳури Эрон фароҳам шавад. Рӯҳонӣ афзуд, Эрон мушкиле барои ҳарф задан надорад, ба шарти ин ки тарафи муқобил ба тааҳҳудоташ амал кунад.

Ӯ бо баёни ин ки дар тахаллуфоти ахири Амрико амрикоиҳо аз ҳамеша мунзавитар ҳастанд, гуфт, имрӯз агар Амрико ба тааҳҳудоти худ амал накунад, кулли Иттиҳоди Аврупо муқобилаш меистад. Раисҷумҳури Эрон тасреҳ кард, дар Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак ҳама кишварҳо мувофиқи Эрон буданд, имрӯз ҳам ҳама кишварҳои дунё дар баробари Амрико ва дар канори Эрон ҳастанд.

Таҳримҳои золимонаи Амрико дар бахши бонкӣ, мубодилоти молӣ ва фурӯши нафти Эрон аз имрӯз, душанбе, 5 ноябр оғоз мешавад.

 

Барчасп