Ноябр 05, 2018 20:46 Asia/Dushanbe
  • Сенатори рус: Таҳрими нефтии Эрон аз сӯи Амрико бенатиҷа аст

Раиси Комиссияи сиёсатгузории Шӯрои Федератсияи Русия эълом кард, Амрико бо таҳрими нефтии Эрон ба аҳдофи худ даст нахоҳад ёфт.

Ба гузориши ИРНА, сенатор Алексей Пушков рӯзи душанбе дар “Твиттер” навишт, намоиши ҷадиди зидди эронии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, натиҷае нахоҳад дошт ва Амрико дар таҳрими нефтии Эрон муваффақ намешавад.

Пушков таъкид кард, бо ақибнишинии Кохи Сафед, ҳашт кишвар аз таҳримҳои зидди эронӣ муоф шуданд ва бархе кишварҳои дигар ҳам бо вуҷуди таҳримҳо ба хариди нефти Эрон идома медиҳанд.

Давлати Амрико рӯзи ҷумъа бозгашти таҳримҳои ҳастаии Эронро аз 5 ноябр эълом кард.

Ҳамзамон вазирони хориҷа ва дороии Олмон, Британия ва Фаронса ба ҳамроҳи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе муштарак аз пешрафти чашмгири созукори молии вижаи ин иттиҳодия барои ҳифзи равобити тиҷорӣ ва бонкии худ бо Эрон дар шароити таҳрим хабар доданд.