Ноябр 18, 2018 18:34 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умури хориҷаи Англия ба Теҳрон

Вазири умури хорҷаи Англия фардо (душанбе) ба манзури дидор бо мақомоти Эрон ба Теҳрон сафар мекунад.

Ҷереми Ҳант вазири умури хориҷаи Англия қарор аст дар Теҳрон бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ва Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амният миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва дар бораи муҳимтарин мавзӯъҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кунад.

Ин нахустин сафари Ҷереми Ҳант ба Теҳрон дар симати вазири хориҷаи Англия аст.

Вазири умури хориҷаи Англия панҷуми ноябр дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои эронии худ, зимни таъкид бар пойбандии Англия ба тавофуқи БАРҶОМ, иҷрои фаврии созукорҳои вижаи Аврупо барои идомаи ҳамкории иқтисодӣ бо Эронро хостор шуд.

 

Барчасп